Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши талошҳо барои сулҳ дар Ғазза


Як ҳайъати Иттиҳодияи Аврупо дар Ховари Миёна имрӯз аз Исроилу Ҳамос хост, то ба даргириҳо хотима диҳанд. Ин даъватро сарвари ҳайъат Карл Шварзенберг - вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Чех, ба амал овард, ки кишвараш ҳоло раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупост. Бернард Кушнер - вазири умури хориҷаи Фаронса, авзоъи башарӣ дар Навори Ғаззаро “тоқатнопазир” хонд. Дар ин миён созмони Ҳамос гуфтааст, ки қасд дорад, як ҳайъатро барои гуфтугӯҳои дипломатӣ ба Миср фиристад, ки баъди даҳ рӯзи амалиёти Исроил дар Навори Ғазза аввалин ҳаракати Ҳамос дар ин самт аст. Як мақоми фаластинӣ гуфт, Миср барои расидан ба созиши оташбас бо Ҳамос тамос барқарор кардааст.

XS
SM
MD
LG