Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишонаҳои бӯҳрони ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон


Шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, набуд ё кампайдоии сомониву доллар дар банкоматҳо ва боло рафтани нарх дар бозорҳо аз натиҷаҳои бӯҳрони ҷаҳониянд, масъулон ин падидаҳоро ба поёни сол ва иду айём бастагӣ медиҳанд ва коршиносон бар инанд, ки бӯҳрони ҷаҳонӣ барои афроди одӣ пайомадҳои мусбат низ доштааст.

Барои дидани тасвирҳои ҳамзамон бо садоҳо ин ҷумларо "ангушт" занед.

БАНКОМАТҲОИ ХОЛӢ

Як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд: "Ман имрӯз се банкомати Содиротбонкро гаштам, дар ҳеҷ кадоме на доллар буд, на сомонӣ. Мехостам хариди солинавӣ кунам, аз ҷумла барои духтарчаам тӯҳфае бихарам."

Ҳамсӯҳбати мо музди корашро аз тариқи кортҳои пластикии "Тоҷиксодиротбонк" мегирад ва ин ташвишро ҳам дорад, ки бо идома кардани чунин вазъ оё рӯзе барояш нахоҳанд гуфт, ки пули худашро дар вақти зарурӣ нахоҳад гирифт. Барои истифода аз хадамоти бонки бегона вай бояд хидматона бипардозад, ки дар ин шароит барояш як харҷи изофагӣ хоҳад буд.

БОНКҲО КАМБАҒАЛ МЕШАВАНД?

Аз суи дигар қариб ҳамаи бонкҳои кишвар ҳадди ағлаби пули дар як дафъа аз бонк мегирифтагиро муқаррар кардаанд. Фазо дар зеҳни шаҳрвандон шубҳаеро эҷод мекунад, ки ба сабаби бӯҳрони молиявӣ ва коҳиши сармояфиристии муҳоҷирон бонкҳои Тоҷикистон ба камбуди пул рӯбарӯ шудаанд ва гумон аст, битавонанд, ваъдаҳои сарбахши то 15 дарсадро дода тавонанд.

Аммо Малика Шукурова, намояндаи "Тоҷиксодиротбонк", бонке, ки субҳи рӯзи 30-юми декабр банкоматҳояш холӣ будаанд, гуфт, ин мушкил ба давраи ҳисобукитобҳои охири сол бастагӣ дорад: "Каме мушкили доллар дорем, аммо сомон ҳаст. Банкоматҳо аз сомон пур. Сол ки тамом шуда истодааст, ҳисоботҳо ҳаст, барои ҳамин кӯшиш мекунанд, ки банкоматҳо пур набошанд ва то 31-ум тамоман холӣ бошанд."

САБАБҲО Ё БАҲОНАҲОИ ФАННӢ

Шояд "Тоҷиксодиротбонк" қоидаҳои хоси худро дошта бошад, аммо сокини Душанбе он рӯз бо пардохти хидматона аз банкомати "Ориёнбонк" пул гирифт ва эҳтимол ҳисоботи охири сол дар бонкҳои дигар бо банкоматҳои пур ба амал меояд. Ҳарчанд чаро бояд дар охирин рӯзҳои сол банкоматҳо бояд холӣ бошанд? Ҳамзамон хонуми Шукурова бархилофи ин боз мегӯяд, ки банкомати назди дафтари марказии бонк ҳамеша пур хоҳад буд.

Бори гузашта, вақте айни чунин ҳодиса рӯзи 18-уми декабр рӯй дод, Хуршед Ҳусейнов, мудири бахши ҳисоббаробаркунии "Тоҷиксодиротбонк" чунин гуфта буд: "Ин ба таъминоти пули нақд -- сомонӣ ё доллар тамоман вобастагӣ надорад, ин пеш аз ҳама бо сабабҳои техникӣ мешавад. Ҳолатҳое мешавад, ки алоқа канда мешавад... Баъд инчунин мо ба наздикӣ програмаи нави худро дар мавриди хидматрасонии банкоматҳо ва кортҳои пластикӣ иваз кардаем ва шояд таъсири он бошад, ки нуқсонҳо пайдо мешаванд."

Худи ҳамон вақт Амин Ташрифбеков, масъули шӯъбаи банкоматҳои бонки мазкур иқрор карда буд, ки мушкил аз набуди пули ба истилоҳ зинда ё нақдина сар задааст. Вале оё ин то куҷо ба бӯҳрони молиявии ҷаҳон пайванд дорад?

ПАДИДАҲОИ МУВАҚҚАТӢ

Як намояндаи аршади Бонки миллии Тоҷикистон, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, рабте дар миён нест ва мушкил як падидаи муваққатист.

Ин ақидаро Нуриддин Қаюмов, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, низ тасдиқ мекунад ва онро ба афзоиши харид дар арафаи иди Соли нав марбут медонад. Аммо ӯ мегӯяд, таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳон ба Тоҷикистон амиқтар ва таҳтонист, зеро он на дар риштаи пулу бонк, балки дар иқтисодиёти кишвар дигаргуниҳо ба амал меорад. Бо сабаби коҳиши нархи алюмин ва филизҳои ранга бахши даромади буҷа зарар мебинад ва кам шудани маҷрои сармояи муҳоҷирон аз берун ба кам шудани захираҳои молӣ сабаб мегардад. Академик Қаюмов таваррумро дар ин шароит омили хатарзо меномад: "Агар таваррум боло равад, табъан даромади бонкҳо ва онҳое, ки дар ин бонкҳо саромя доранд, кам мешавад."

АЗ БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ БА БӮҲРОНИ ИҚТИСОДӢ?

Академик Қаюмов муфлису варшикастагии бархе аз корхонаҳои кишварро низ аз эҳтимол дур намедонад ва мегӯяд, ислоҳоти сохторӣ дар иқтисодиёт ва молия метавонанд аз зарбаву пасзарбаҳои бӯҳрони ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.
Иқтисодшиноси дигар Аброр Мирсаидов мегӯяд, бо сабаби махсусиятҳои муайяни иқтисоди кишвар наметавон ҳамаи пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳониро барои мардуми Тоҷикистон манфӣ номид: "Истеъмолгар маблағи зарурие надорад, ки молро харидорӣ кунад. Барои ҳамин истеъмолгарро ҳавасманд кардан даркор, ки даромад пайдо кунаду як чиз харад."

ПАЙОМАДҲОИ МУСБАТИ БӮҲРОН?


Ин гуфтаҳо барномаҳои стимулус ё ҳавасмандгардонии муштариён дар Амрикоро ба ёд меоранд. Феълан ин талошҳо аз ҷониби фурӯшандагони донистакор сурат мегиранд. Ин аст, ки дар Хуҷанд, Кӯлоб ва бархе аз навоҳии дигар нархҳо то 20-30 дарсад коҳиш ёфтаанд ва қимати бархе коло бори аввал дар 16 соли истиқлолияти Тоҷикистон поин омаданд. Академик Нуриддин Қаюмов: "То як дараҷа ки нархи сӯзишворӣ кам шуд, нархи орд ва дигар маҳсулот паст мефурояд. Ва ҳоло ҳамин хел шуда истодааст. Масалан, нархи масолеҳи сохтмон ҳам коҳиш меёбад. Аз ин лиҳоз ҳоло биноҳое, ки месозанд, назар ба чанд моҳ пеш арзонтар ба фурӯш мераванд."

Вале он чи тақрибан ҳамаи ҳамсӯҳбатони моро нигарон кардааст, ин аст, ки ҳукумат ҳарчанд мегӯяд, як барномаи зиддибӯҳрон омода кардааст, мардум дар ин бора хабар надоранд ва равандҳои иқтисодию молиявӣ ғолибан дастхуши воҳимаҳои мавсимӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG