Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари Остона ба сарнавишти нерӯгоҳи Роғун


Коршиносони қазоқ чунин андеша доранд, ки ҳарчанд бунёди нерӯгоҳи Роғун барои минтақа муҳим аст, вале чанд омиле мавҷуд аст, ки ба пиёдашавии ин тарҳ таъсири манфӣ мерасонад.

Яке аз чунин омилҳоро марбут ба бӯҳрони иқтисодие медонанд, ки саросари олам, аз ҷумла Қазоқистонро низ фаро гирифтааст. Аз ҷумла, Бӯрихон Нурмуҳаммадов, раиси пажӯҳишгоҳи пажӯҳишҳои миллии Қазоқистон мегӯяд, ки кишвараш алоқаманди рушди ҳамаҷонибаи тамоми кишварҳои минтақа аст. Зеро дар кишварҳои минтақа вазъи иқтисодӣ бад бошад ва ҳар гуна хатарҳо онҳоро таҳдид намоянд, ин ба Қазоқистон низ таъсиргузор хоҳад буд. Аз ин хотир рушди иқтисодии минтақа ба суди Қазоқистон ҳам ҳаст.

Аз ин нигоҳ Қазоқистон барои бунёди нерӯгоҳи Роғун алоқаманд аст, вале алъон, ба истилоҳ, дасташ кӯтоҳӣ мекунад ва ин кишвар ҳоло бояд ба ҳалли мушкилоти хеш, ки аз бӯҳрони ҷаҳонӣ ба вай расидааст, таваҷҷӯҳ намояд. Ин нуктаро сиёсатшинос Досим Сатпаев низ таъйид мекунад. Ба андешаи сарвари гурӯҳи баррасии бӯҳронҳо, тайи тақрибан якуним сол Қазоқистон ба он мекӯшад, ки ҳама сармояи хешро ба иқтисодиёташ масраф намояд ва сармоягузорӣ ба кишварҳои хориҷа, аз ҷумла, Тоҷикистонро маҳдуд кунад.

Иқтисодшинос Қанот Берентаев ин нуктаро бо мисолҳои мушаххас тақвият мебахшад ва изҳор мекунад, ки алъон дар худи Қазоқистон сохтмони нерӯгоҳҳои барқии ҳароратии Балхаш ва сохтмони нерӯгоҳи атомии Манғишлоқро ба тавқиф гузоштанд ва ин дар ҳолест, ки дар кишвар камбуди нерӯи барқ эҳсос мегардад.

Вале дар баҳси байни Русияву Украин дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун мавқеъи Қазоқистон чӣ гуна хоҳад буд? Бӯрихон Нурмуҳаммадов, раиси пажӯҳишгоҳи пажӯҳишҳои миллии Қазоқистон, бар ин аст, ки дар ин масъала кишвараш дар сухан тарҳи бунёди нерӯгоҳи Роғунро ҷонибдорӣ мекунад, аммо дар асл интизор мешавад, ки ин баҳс бо чӣ меанҷомад.

Ба андешаи сиёсатшинос Досим Сатпаев, бо дар назардошти он ки ин тарҳ дар Тоҷикистон пиёда мегардад ва ба Қазоқистон иртиботи мустақим надорад, барои ин кишвар он бетафовут аст ва Остона назари хешро дар бораи ин ки Роғунро Русия бояд созад ва ё Укроин баён нахоҳад кард. Вале сиёсатшинос Дос Кошим мӯътақид аст, ки дар ин баҳс Қазоқистон ҳатман ҷонибдори мавқеъи Русия мешавад. Зеро кишвараш асосан дар сиёсати хеш ба Русия такия мекунад. Аз сӯи дигар, ба андешаи оқои Кошим, чун Қазоқистон дар минтақа даъвои лидерӣ дорад, бояд ҷонибдори сохтмони бузург дар минтақа бошад.

Ба гуфтаи сиёсатшинос, чун Қазоқистон масъалаи бунёди Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказиро ба миён гузоштааст, бо талоши кишварҳои минтақа бояд чунин иншоотҳои бузурги энергетикиро бунёд намуд, зеро нерӯи барқе, ки дар Тоҷикистон тавлид мегардад, на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба кишварҳои минтақа ҳам мерасад.

Бӯрихон Нурмуҳаммадов бошад, чунин меҳисобад, ки барои сохтмони ин неругоҳ аз ҳама бештар бояд Узбакистон алоқаманд бошад, зеро аз ин нерӯгоҳ вай бештар суд мебинад. Иқтисодшинос Қанот Берентаев низ ба гуфтаҳои Дос Кошиму Бӯрихон Нурмуҳаммадов мувофиқ аст, вале ӯ аз сӯи дигар таъкид мекунад, ки Русия дар минтақа манфиатҳои хешро дорад ва барои ба даст овардани онҳо талош мекунад ва бунёди нерӯгоҳи Роғун мисли минтақаи дарёи Хазар яке аз чунин манфиатҳои Маскав аст ва дар ҳалли ҳама гуна чунин баҳсҳо Қазоқистон, ҳарчанд ошкоро ба ягон кишваре авлавият намедиҳад, вале он бояд кишвари пайвасткунандае гардад байни Русия ва минтақа.

Вале Досим Сатпаев чунин андеша дорад, ки Роғунро на Русия ва на Укроин месозанд, балки имкон дорад ба ин баҳс бозигари дигар - Чин ҳамроҳ шавад ва ин тарҳро сармоягузорӣ намояд. Зеро ба гуфтаи сиёсатшинос, Русия солҳост ваъдаи бунёди нерӯгоҳи Роғунро медиҳад, вале онро иҷро намекунад ва Укроин бошад чандон имконоти молӣ надорад ва ин кишвар низ ба бӯҳрон гирифтор аст. Вале кишвари Чин солҳои ахир ҳузури иқтисодии хешро дар Тоҷикистон тақвият медиҳад ва имконоти бештаре нисбат ба дигарон дорад.

XS
SM
MD
LG