Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ахиран, таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба ширкати Алюминиюми тоҷик, ё «Талко» низ расид.

Зеро мақомоти ин корхонаи бузургтарини саноатии Тоҷикистон иқдоми коҳиши тавлидоти маҳсулоти худро рӯи даст гирифтаанд. Аммо масъулин мегӯянд, коҳиши тавлидоти маҳсулоти корхонаи «Талко» муваққатӣ аст.

Ширкати алюминиюми тоҷик ва ё «Талко» рӯзи сешанбе 23 декабр эълом кард, ки тавлиди маҳсулоти корхонаро то 10 дарсад коҳиш медиҳад. Ба қавли Саёҳат Қодирова, сухангӯи ширкати алюминиюми тоҷик, ин иқдом бо иллати бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ поин рафтани қиммати алюминиюм ва низ ба хотири коҳиши истифодаи нерӯи барқ дар фасли сармо рӯи даст гирифта шудааст.

Аммо хонум Қодирова афзуд, корхона дар зимн шумораи кормандони худро коҳиш нахоҳад дод ва низ барномаҳои иқтисодиву сармоягузорие, ки дар дохили кишвар рӯи даст дорад, чун қабл идома мекунад.

Аммо ин дар ҳолест, ки таҳлилгарон паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисоди кишварҳо ва ба хусус иқтисоди дар ҳоли заъфи Тоҷикистонро пешгӯинашаванда унвон мекунанд. Ба назари Саидмӯъмин Камолов, иқтисодшиноси тоҷик, коҳиши тавлидот аз сӯи корхонаи алюминиюми тоҷик ин иқдоми нахустин дар рӯ ба рӯи бӯҳрони саросарии молиявӣ ба назар мерасад. Аммо вай меафзояд, паёмади ин бӯҳрон пешгӯинашаванда аст ва дар сурати амиқтар шудани ин бӯҳрон паёмади он барои ширакати «Талко» метавонад хеле сангин бошад,

Ба қавли оқои Камолов, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба корхонаҳо таъсири мухталиф гузоштаанд ва бисёре аз ширкатҳои азими тавлидотӣ ҳаҷми тавлидоти худро аз 5 то 25 дарсад коҳиш додаанд.

Ширкати аллюминиюми тоҷик дар соли гузаштаи 2007 бештар аз 420 ҳазор тонна алюминиюм тавлид карда, дар соли сипаришавандаи 2008 истеҳсоли бештар аз 427 ҳазор тоннаро дар нақша дошт. Ва пас ин иқдом тахмин мешавад, ки ҳаҷми тавлидоти «Талко» тақрибан 4 ҳазор тонна алюминиюм камтар шавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG