Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия


Агар дар фурудгоҳи Душанбе ва ё ягон шаҳри дигари Тоҷикистон бошед, тақрибан ҳар рӯз муҳоҷирони беқарореро метавон бубинед, ки аз Русия бо хушҳоливу ҳадяи зиёд бармегарданд. Аммо, дар радифи онҳо, муҳоҷирони ғамгину маъюс ва жӯлидаеро ҳам метавон дид, ки сари хам аз фурудгоҳ берун мешаванд.

Инҳо муҳоҷироне ҳастанд, ки барои нақзи қонун дар Русия аз он ҷо депортатсия ва ё ронда шудаанд. Аз ҷумла, ду бародари Усмон, сокини ноҳияи Раштро ҳамин гуна сари хаму дасти холӣ ба назди хонаводаҳои баргардонидаанд. «Додаронам дар Русия буданд, онҳоро депортатсия карданд, омаданд. Аз он хотир ки ҳуҷҷат надоштанд, гирифтанд се чаҳор моҳ маҳкам карда ва сипас аз Русия депортатсия карданд.”

Ба гуфтаи хадамоти муҳоҷирати вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз соли 2002 – ум то кунун беш аз 43 ҳазор муҳоҷири корӣ дучори чунин сарнавишт шудааст. Аммо Музаффар Зарифов – намояндаи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон, ки як таҳқиқи махсусеро дар бораи депортатсияи муҳоҷирон анҷом додааст, мегӯяд, ин рақам шояд вазъи воқеъиро инъикос накунад: “Мо ба таври ғайрирасмӣ ҳисоб кардем, тақрибан аз 62 ҳазор нафар зиёдтар ҳастанд. Ин омори аз моҳи ноябри соли 2002-ум то имрӯз аст. “

Пас метавон гуфт, аз соли 2002 то кунун ҳар соле тақрибан 8 ҳазор нафар ва ҳар рӯз 45 нафар муҳоҷирони кории Тоҷикистонро аз Русия
Ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз 45 муҳоҷири тоҷикро аз Русия депорт кардаанд.
рондаанд. Ва ҳамин гуна, вазъи ҳазорон хонавода дар Тоҷикистон, ки аксаран дастнигари муҳоҷирони корӣ мебошанд, бадтар шудааст. Манзура Ҷӯраева, сарвари созмони ғайриҳукуматии “Мултикид”, ки бо иҷрои барномаҳои махсус барои пайдо кардани кор дар дохили Тоҷикистон ба муҳоҷирони аз Русия рондашуда кӯмак кардааст, мегӯяд: «Хеле зиёд аз он фоҷиаҳо нақл мекарданд, ки баргаштани онҳо сабаби ниҳоят бад шудани аҳволи оилаҳои худашон ва падару модарашон шуда буд, чун як нафар дар Русия кор карда одатан ду ё се оиларо таъмин мекунад. “

Оқибати депортатсия барои хонаводаи бародарзодаи Ромиш, як сокини ноҳияи Панҷакент, ки ӯро як сол пеш аз Русия берун кардаанд, бисёр бад будааст. Ромиш мегӯяд, ҳоло хонаводаи бародарзодааш ба қавли вай ба кризис дучор шудааст: «Пул нест, вай бечора дигар пулро аз куҷо меёбад. Дар кризис афтодаанд, пулро ки хӯрда тамом кардед, чӣ мешавед, ба бӯҳрон дучор мешавед, зеро дигар ҷойи даромад нест.»

Собир Аминов, ҳамоҳангсози барномаи Созмони ҷаҳонии кор мегӯяд, рондани як муҳоҷир барои шахсияти ӯву хонаводааш мисли мусибат аст: «Бо ҳар як депортатсияи муҳоҷири кории тоҷик онро аз даромад маҳрум мекунем. Он маблағе, ки вай сарф карда, Русия рафтааст, вай зарар мебинад, ба ғайр аз он вай болшикаста мешавад, бармегардад ба хонаи худ ва илоҷи дар давоми панҷ сол вай дигар имконият надорад, ки ба Русия баргардад. Бисёр рӯҳафтода мешавад.»

Бисёр рӯҳафтода мешавад ва роҳи ғайриқонунии бозгашт ба Русияро пеш мегирад. Чун дар кишвараш ҷойи кор нест, шиноснома ва номашро тағйир дода ва бо вуҷуди шунидани достонҳои даҳшатнок доир ба скинхедҳову бедодгариву зулми онҳо боз ба Русия бармегардад, то волидону фарзандонаш нимгурусна намонанд. Ба гуфтаи Ромиш, бародарзодаи ӯ баъди сарсониву ришвадиҳии зиёд, (тақрибан 300 доллар), исмашро тағйир додааст ва акнун дигарбора ба Русия хоҳад рафт. Аммо айби худи муҳоҷирон ҳам аст, ки ба осонӣ аз Русия ронда мешаванд. Усмон мусоҳиби раштии мо рафтори бародарони худро мисол меорад: «Тамоман санад надоштанд, масалан на сабти иқомат мекунанд, санад барои иҷозаи кор надоштанд. Сабти ном кардан даркор аст, иҷозаи кор гирифтан даркор аст. Тамоми ин корҳоро кардан даркор, онҳо ки ин корҳоро намекунанд, барои ҳамин медоранду берунашон мекунанд.»

Манзура Ҷӯраева, мусоҳиби дигари мо, ба Радиои Озодӣ гуфт, муқаррарот ва қонунҳои муҳоҷиратии Русия ҳам намегузорад, то муҳоҷирон дар фурсати кӯтоҳ тамоми санадҳои лозимиро ба даст биёранд. Аз сӯи дигар, кордиҳандаҳои рус ҳам кам нестанд, ки намехоҳанд, муҳоҷирони қонуниро ба кор пазируфта ва молиёту дигар ҳаққу ҳуқуқи иҷтимоии ӯро бипардозанд. Вале худи муҳоҷирон ҳам ба гуфтаи Манзура Ҷӯраева бояд ба фиребкорон баҳона пеш наоранд ва худро аз қабл барои муҳоҷират омода кунанд, то баъдан сарсону саргардон ва баъди депортатсия дар назди хонаводаҳояшон шармсор нашаванд.

Ба гуфтаи Усмон, ҳастанд мавориде, ки кордиҳандаҳо ва кормандони пулиси олуда ба фасод дар Русия бо маслиҳати пешакӣ муҳоҷиронро фиреб дода ва сипас аз кишварашон меронанд. «Мисол, баъзе ҷойҳои корӣ ҳаст, ки вақти пулгирӣ мешавад, ду, се, чаҳор моҳ таъхир мекунанд, пулро намедиҳанд, кормандони милисаро даъват намуда ва онҳоро депортатсия мекунанд.»

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, барои ба маҷрои қонунӣ даровардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ талоши зиёд мекунанд ва дар
Ба ҳисоби коршиносон, Тоҷикистон ба иллати депортатсия тайи панҷ соли ахир на камтар аз ду миллиард долларро аз даст додааст.
Хадамоти муҳоҷирати вазорат ҳатто шӯъбаи махсусе ҳаст, ки муҳоҷирони рондашуда аз Русия метавонанд, иттилоъ бигиранд, ки ҳаққи бозгашт ба Русияро доранд ё на. Дар чанд соли пеш мақомоти олирутбаи Тоҷикистон аз ҷумла Муҳаммадсайид Убайдуллоев – раиси Маҷлиси Миллӣ аз мақомоти Русия даъват кард, то аз гуноҳи муҳоҷирони рондашуда гузашта ва ба онҳо иҷоза диҳанд, то дигарбора ба Русия баргарданд. Аммо бо вуҷуди ин саъю талошҳо, сафи лашкари муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дар Русия меафзояд. Ва депортатсияи мудавоми муҳоҷирон сабаби кам ворид шудани кӯмакпулиҳо ба кишвар ва фишори иҷтимоӣ ба хонаводаҳои фақир мешавад, он гуна ки дар зарфи 7 соли ахир шудааст.

Аз Собир Аминов пурсидам, метавон тахмин кард, ки то кунун депортатсия муҳоҷирон чӣ қадар зиён барои иқтисоду мардуми Тоҷикистон доштааст: «Ҳар шахс минималӣ ба Тоҷикистон ҳар моҳ 500 доллар мефиристад. Яъне ҳамин шаст ҳазор фарде, ки депортатсия шуданд, агар ҳаминро бо 60 ҳазор зарб занем ва аз соли 2002 то соли 2007 ҳисоб кунем, панҷ сол ин маблағи калоне мешавад.»

Ва воқеан натиҷаи муодилаи риёзӣ ин аст, ки Тоҷикистон тайи бештар аз панҷ сол на камтар аз ду миллиард долларро аз даст додааст. Дигар ин ки ҳазорон нафар аз ин муҳоҷирон бо қонуншиканиву ҳазор ҳилаи дигар ному насабашонро тағйир додаанд, ки дар ояндаи дуртар дарди сари зиёде барояшон хоҳад офарид. Музаффар Зарипов, намояндаи маркази иттилоъотӣ барои муҳоҷирон аз Созмони ҷаҳонии муҳоҷират мегӯяд, пеш аз ҳама бояд муҳоҷиронро дар Тоҷикистон омода кард, ки аз Русия онҳоро наронанд, яъне ба онҳо забону касбу ҳунар ва ҳаққу ҳуқуқашонро омӯхт ва ҳамчунин тарзи рафтор дар кишвари бегонаро. Ё он гуна ки Хуршед, як муҳоҷири чанде пеш аз Русия рондашуда ба Радиои Озодӣ гуфт, беҳтар аст, то ҳукумат шароит кунад, то дар ватан ҷойҳои корӣ офарида шавад ва бо ҳазорон тан аз Хуршедҳо бо тарсу ларз барои кор ба кишвари бегона нараванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG