Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полис дафтари кори Ширин Ибодиро баст


Гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башари эронӣ таҳти раёсати барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодӣ изҳор карданд, ки барои бознигарии тасмими мақомот оид ба бастани дафтари корашон талош хоҳанд кард. Рӯзи якшанбе кормандони полис дар ҷараёни як амалиёт кори “Маркази ҳуқуқи башар”-ро, ки барои таҷлил аз 60-солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи башар омодагӣ мегирифт, қатъ кард. Полис тасмими худро бо он омил марбут намуд, ки дафтари ҳомиёни ҳуқуқи башар бидуни иҷозаи расмии вазорати умури кишвар фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG