Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО - дар ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативӣ


Фармондеҳи нирӯҳои таҳти фармони паймони низомии НАТО дар Афғонистон гуфт, ин паймон бо ҳамсоякишварҳои шимолии Афғонистон вориди музокира шудааст, то таъмини нирӯҳояш аз роҳҳои шимолро бештар кунад. Генерал Дэвид МакКирнан дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, бахши аъзами маводи сӯхти лозим барои таъмини ин нирӯҳо алакай тавассути марзҳои Узбакистону Туркманистон меояд. Дар пайи силсилаи ҳамалоти ҷангиён ба корвонҳо ва амборҳояш дар Покистон, НАТО дар пайи пайдо кардани роҳҳои алтернативии таъмини нирӯҳои худ дар Афғонистон уфтодааст.
XS
SM
MD
LG