Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси ҳизби нави оппозисюнӣ дар Русия


Сиёсатмадорони мухолифи давлати Русия ва мунаққидони Кремлин Гаррӣ Каспаров ва Борис Немтсов имрӯз як ҳизби нави сиёсиро бо номи "Ҳамраъйӣ" ё "Солидарност" таъсис доданд. Расонаҳои Русия мегӯянд, зиёда аз 300 сиёсатмадори мухолиф, аз ҷумла аъзои ҳизби либероли "Яблоко" дар ҳамоиши таъсиси ҳизби нав дар гӯшаи шаҳри Маскав ширкат карданд. Муддатҳост мухолифони Русия талош доранд, дар муқобили, ба гуфтаи худашон, худкомагии афзояндаи Кремлин муттаҳид шаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG