Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд гуфт, ба Покистон таҳдид накардааст


Вазорати умури хориҷаи Ҳиндустон имрӯз гуфт, дар айни авҷи юриш барои рафъи ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Мумбай ба раиси ҷумҳури Покистон таҳдид накардааст. Давлати Покистон гуфтааст, ҳангоми ин бӯҳрон вазири умури хориҷаи Ҳинд Пранаб Мухарҷӣ ба раиси ҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ телефони таҳдидомезе кардааст. Пранаб Мухарҷӣ - он тамоси телефониро “фиребкорӣ” хонд ва гуфт, мояи изтироб аст, ки як кишвари ҳамсоя бар асоси чунин телефонҳои дурӯғ иқдом мекунад. Пранаб Мухарҷӣ ба тасмими Покистон ишора кард, ки аз тарси ҳамлаи эҳтимолӣ аз Ҳиндустон нерӯҳои ҳавоии худро ба ҳолати омодабош даровард. Террористоне, ки ба Мумбай ҳамла карданд, аз Покистон вориди Ҳинд шудаанд, вале ҳукумати Исломобод мегӯяд, ягон ниҳоди давлатӣ дар хунрезиҳои кишвари ҳамсоя даст надоранд.
XS
SM
MD
LG