Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия муоҳидаи нави амнияти Аврупоро матраҳ намуд


Дар нишасти кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Русия даъват кард, ки муоҳидаи нави амнияти Аврупо баста шавад.

Дар шаҳри Ҳелсинкӣ вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор намуд, ки чунин муоҳида назму суботи Аврупоро таҳким мебахшад.

Аммо намояндагони 56 кишвари узви ин созмони ҳомии амният ва ҳуқуқи башар ба ин ташаббуси Русия аксуламали сард нишон доданд.

Ҳайъати ИМА ёдовар шуд, ки Русия саъй дорад, паймони НАТО-ро заиф намояд. Вазирони як идда мамолики аврупоӣ гуфтанд, ки ҳоло барои тағйири сохтории амнияти Аврупо вақти муносиб нест.

Дар ҳамин ҳол Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон изҳороте пахш намуда, аз ташаббуси Русия дастгирӣ карданд.

XS
SM
MD
LG