Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аслиҳаи кайҳониашро навсозӣ мекунад


Фармондеҳи нирӯҳои вижаи стратегии Русия гуфт, ки дар посух ба нақшаҳои ИМА оид ба истиқрори аслиҳа дар кайҳон низомиёни рус ҳам мушакҳои худро навсозӣ мекунанд. Interfax дар нақли қавл аз генерал-полковник Николай Соловтсов менависад, ки мушакҳои байниқораии баллистикии Русия ба хотири ҳимояти онҳо аз баъзе ҷузъиёти сипари зиддимушакии ИМА дар оянда навсозӣ хоҳанд шуд. Мақомоти Русия ҳушдор додаанд, ки нақшаҳои Амрико барои силоҳҳои кайҳонӣ боиси шурӯи рақобатҳои нави таслеҳотӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG