Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Ҳинд хостори муҷозоти ҳамлагарон шуд


Сарвазири Ҳинд Манмуҳон Сингҳ хостори иттихози тамоми тадобири лозим ба хотири муҷозоти афроди масъул дар ҳамлаҳои Мумбай шуд. Сингҳ дар паёми телевизиониаш аз тамоми мардуми Ҳинд даъват кард, алайҳи ин ҳамалоти ҳамоҳангшуда, ки 101 кушта ва 300 захмӣ бар ҷой гузошт, аз як гиребон сар бароранд. Пулиси Ҳинд қаблтар гуфт, бӯҳрони гаравгонгирӣ дар як меҳмонсаройи Мумбай, Бомбайи собиқ, ба поён расида, вале бовар меравад, ки афроди мусаллаҳ теъдодеро дар меҳмонсаройи “Тридент- Оберой” ҳамчунон дар асорат нигоҳ медоранд. Афроди мусаллаҳ рӯзи чоршанбе ду меҳмонсарой, истгоҳи роҳи оҳан ва як бемористонро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Як гурӯҳи начандон маъруфи мавсум ба “Муҷоҳидини Декан” масъулияти ҳамлаҳои Мумбайро бар дӯш гирифтааст. Шоҳидон мегӯянд, ҳамлагарон қасд доштанд шаҳрвандони Амрикову Бритониёро гаравгон бигиранд, вале дар байни асируфтодагон атбоъи кишварҳои дигар низ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG