Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон бахши махориҷи будҷаи худро кам мекунад


Карим Масимов-нахуствазири Қазоқистон имруз дар ҷаласаи ҳукумати кишвараш гуфт, ба сабаби поин рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ Қазоқистон барномаҳои махориҷи ҳукуматиро барои се соли оянда маҳдуд мекунад. Ба гуфтаи оқои Масимов, будҷаи соли 2009 бо назардошти 40 доллар барои ҳар бушка нафт таҳия хоҳад шуд. Будҷаи соли 2010 ва 2011 бо назардошти 50 доллар барои ҳар бушка тарҳрезӣ мешавад. Қаблан Қазоқистон аз ҳисоби 60 доллар барои ҳар бушка нафт будҷаи худро тарҳрезӣ карда буд. Будҷаи нав бояд дар порламон ба тасвиб расад. Вале чунин ба назар намерасад, ки он ба мухолифати порламон дучор шавад, зеро ин порламон аз як ҳизб иборат аст.

XS
SM
MD
LG