Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи телефонии Обама ва Саакашвилӣ


Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳида Барак Обама бо раисиҷумҳури Гурҷистон, Михаил Саакашвилӣ гуфтугӯи телефонӣ дошт. Намояндагони дастгоҳи Обама гуфтанд, ин гуфтугӯе буд, ки ба думболи паёми табрикии Саакашвилӣ барпо гардид. Саакашвилӣ пирӯзӣ дар интихоботи президентии Амрикоро ба Обама табрик гуфт. Субҳи рӯзи душанбе ноиб-президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳида, Ҷозеф Байдн низ бо Саакашвилӣ телефонӣ сӯҳбат кард.
XS
SM
MD
LG