Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеди Медведев ба беҳбуди равобит дар аҳди Обама


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, ки дар Вошингтон, дар Шӯрои равобити хориҷии Амрико сӯҳбат мекард, гуфт, умедвор аст, ки ба дунболи ба курсии раёсати ҷумҳурии Амрко нишастани Барак Обама дар моҳи январ равобити Русия бо Амрико рӯ ба беҳбуд хоҳад овард. Медведев афзуд, ки барои баҳси барномаи истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Лаҳистону Чехия омода ҳаст. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Медведев пеш аз ин таҳдид карда буд, ки Маскав дар посух ба ин нақшаи Вошингтон мушакҳои кӯтоҳпарвозашро дар вилояти ғарбии Калининград, дар марз бо Лаҳистону Литва мустақар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG