Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Киштии ҳиндии "Чандраян 1" ба Моҳ расид


Созмони кайҳоншиносии Ҳинд мегӯяд, нахустин киштии кайҳонии бидуни сарнишини Ҳинд имрӯз дар Моҳ пойин шуда ва билофосила ба ирсоли аксҳои аз Моҳ бардоштааш шурӯъ кардааст. Киштии “Чандраян 1” рӯзи 22 октябр ба сафари Моҳ оғоз карда, ин фосиларо дар зарфи 24 рӯз тай кард. Ҳинд парвози “Чандраян 1”-ро оғози парвозҳои минбаъдаи киштиҳояш ба мадори радифи Замин медонад. Ҳинд акнун худ ба радифи Амрикову Русия, Ожонси кайҳоншиносии Аврупо ва Ҷопону Чин, яъне ба кишварҳое пайваст, ки алакай ба Моҳ киштии кайҳонӣ фиристодаанд.
XS
SM
MD
LG