Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

NYT-и қалбакӣ аз поёни ҷанги Ироқ хабар дод


Як миллиону 200 ҳазор нусха аз рӯзномаи қалбакии "Ню Йорк Таймс" дар кӯчаву хиёбони шаҳрҳои Амрико ба дасти раҳгузарон супурда шуд, ки бо сархатти бузурги "Ҷанги Ироқ ба охир расид!" ба нашр расидааст. Рӯзи нашри ин рӯзномаи 14-сафҳагӣ 4-уми июли соли 2009 нишон дода шудааст ва он кори дасти гурӯҳи ширинкоронест, ки "Оре, дӯст" ном дорад. Қаблан ин гурӯҳ бо маъракае машҳур шуда буд, ки аз номи мақомоти раҳбарии Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат эълони пароканда шудани ин созмонро нашр намуд.
XS
SM
MD
LG