Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Верховная Рада раиси худро аз маснад барканор кард


Вакилони Верховная Радаи Укроин дар бораи истеъфои раиси порлумон Арсений Ятсенюк тасмим гирифтанд. Ба ҷонибдории ин қарор 233 вакил раъй доданд. Аз ин пеш Арсений Ятсенюк, узви эътилофи президентии “Укроини мо – Худдифоъи мардумӣ” барои ду рӯз аз раёсати иҷлосияи Верховная Рада маҳрум шуда буд.

Ба думболи истеъфои раиси порлумон миёни вакилон аз Эътилофи Юлия Тимошенко ва ҳизби минтақаҳо бархурд сурат гирифт, ки бар асари он системи электронии раъйдиҳӣ хароб шуд. Муовини раиси порлумон Александр Лавринович аз Додситони кулли Укроин хост, ки ба ин ҳодиса дар толори порлумон расилагӣ сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG