Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯёни Толибро дар Покистон куштанд


Normal 0

Мақомоти Покистонӣ мегӯянд, бар асари тирандозии ҳавопаймоҳои кишвар ба паноҳгоҳҳои Толибон дар манотиқи қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон 13 ҷангҷӯи ин гурӯҳ кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомот, амалиёти мазкур дар шаҳрҳои Домодулло, Ҳаркаӣ ва Сипраӣ сурат гирифтааст. Дар ин манотиқ се моҳ боз аст, ки сарбозони Покистон бо ҷангҷӯёни Толиб ва тундравони марбут бо Ал-Қоида меҷанганд. Манотиқи қабиланишини Покистон ба паноҳгоҳи садҳо тундраве табдил ёфтааст, ки баъди оғози амалиёти зиддитерористӣ аз Афғонистон фирор кардаанд.

XS
SM
MD
LG