Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳо конгресси Амрикоро соҳиб мешаванд


Бар асоси пешбиниҳо аз интихоботи рӯзи сешанбе дар Амрико, Ҳизби Демократ зоҳиран курсиҳои бештари ҳар ду палатаи конгресс порлумони ин кишварро аз они худ мекунад. Бино ба гузоришҳо, демократҳо аз 100 курсии сенат 56 курсии онро соҳиб мешаванд. Дар Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии конгресс бар асоси пешбиниҳо, Ҳизби Демократ, ки пештар 36 курсии бештар аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дошт, 25 курсии дигарро низ ба даст меорад. Маҷлиси Намояндагони Амрико аз 435 вакил иборат аст.
XS
SM
MD
LG