Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши раҳбарон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ


Имрӯз раиси ҷумҳуриҳои Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар паи нишасте, ки ба баррасии қазияи Қаробоғи Кӯҳӣ тамаркуз карда буд, бо имзои эъломияи муштараке ба ҳалли сулҳомези ин масъала тааҳҳуд карданд. Созише ба ин манзур имрӯз дар қароргоҳи берунишаҳрии раиси ҷумҳурии Русия дар паи музокироти Дмитрий Медведев бо ҳамтоёнаш аз Озарбойҷону Арманистон - Илҳом Алиев ва Серж Сарксян ҳосил шудааст. Ин аввалин чунин як санаде мебошад, ки баъди хатми даргириҳои соли 1994-и Қаробоғи Кӯҳӣ дар миёни ду ҷумҳурии қафқозӣ тасвиб шудааст. Медведев матни эъломияи муштаракро, ки аз ҷониби се раҳбар ба имзо расидааст, чунин қироат кард:

"Раиси ҷумҳуриҳои Озарбойҷону Арманистон ба мувофиқа расиданд, ки корро дар ин самт ва аз ҷумла бо ташкили музокироту мулоқотҳои ҳамдигарӣ дар сатҳи баландпоя идома диҳанд, то ки ба як ҳалли сиёсии қазияи Қаробоғи Кӯҳӣ даст ёбанд. Онҳо вазирони хориҷаи кишварҳояшро муваззаф карданд, ки иқдомоти минбаъдаи худро дар музокираҳои оянда дар ҳамкорӣ бо раҳбарони гурӯҳи Мински САҲА вусъат бахшанд".

Қаробоғи Кӯҳӣ минтақаи арманитаборест дар ҳайати ҷумҳурии Озарбойҷон. Дар оғози солҳои 1990 минтақа худро аз тобеияти Боку ҷудо эълон кард ва дар натиҷаи хушунатҳо беш аз 30 ҳазор нафар ба ҳалокат расида ва ё тарки маҳалли зист карданд.
XS
SM
MD
LG