Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломияи муштараки сегонаи Қаробоғи Кӯҳӣ


Имрӯз раиси ҷумҳуриҳои Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар паи нишасте, ки ба баррасии қазияи Қаробоғи Кӯҳӣ тамаркуз карда буд, бо имзои эъломияи муштараке ба ҳалли сулҳомези ин масъала даъват ба амал оварданд. Онҳо дар поёни нишаст гуфтанд, ки барои ҳалли мусолиматомези ин қазия "замонатҳои байналмилалии ҳатмӣ" зарур буда, омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ ба хотири пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсии ин бӯҳрон баён карданд. Ин нишаст имрӯз бо ширкати раҳбарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон - Дмитрий Медведев, Илҳом Алиев ва Серж Сарксян дар қароргоҳи берунишаҳрии раиси ҷумҳурии Русия доир шуд. Қаробоғи Кӯҳӣ минтақаи арманитаборест дар ҳайати ҷумҳурии Озарбойҷон. Дар оғози солҳои 1990 минтақа худро аз тобеияти Боку ҷудо эълон кард ва дар натиҷаи хушунатҳо беш аз 30 ҳазор нафар ба ҳалокат расида ва ё тарки маҳалли зист карданд.
XS
SM
MD
LG