Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси минтақаҳои озоди "Суғд" ва "Панҷ"


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низомномаи ду минтақаи озоди иқтисодиро тасвиб кард. Ин манотиқ яке дар шимол, дар канори шаҳри Хуҷанд, бо номи “Суғд”, ва дуввумӣ дар ҷануб, дар ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Қумсангири вилояти Хатлон бо исми “Панҷ” эҷод хоҳанд шуд. Мӯбинҷон Қаюмов, узви парлумон гуфт, ҳадаф аз таъсиси ин манотиқ таҳрики рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корист. Барои таъсиси ин ду минтақа дар Хуҷанд 320 ва дар Қумсангир 400 ҳектор замин ҷудо шудааст. Интизор меравад, ба зудӣ боз ду минтақаи дигари озоди иқтисодӣ дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон таъсис дода шаванд.
XS
SM
MD
LG