Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ умедвори ҳифзи равобити нек бо Сурия аст


Ироқ гуфтааст, умедвор аст, ки ҳамлаи гуфта мешавад, нерӯҳои амрикоӣ аз хоки Ироқ ба Сурия ба равобити миёни Бағдод ва Димишқ таъсир нахоҳад кард. Намояндаи вазорати умури хориҷии Ироқ ин ҳодисаро як тасодуфи ғамангез номид. Тибқи хабарҳо ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида дар чархболҳо ба қаламрави Сурия ворид шуда, бар асари тирандозии онҳо дастикам ҳашт шаҳрванди осоиштаи Сурия кушта шудаанд. Иёлоти Муттаҳида ин хабарҳоро шарҳ надодааст, аммо дар гузашта шикоят карда буд, ки ошӯбгарони суннӣ Сурияро ба ҳайси пойгоҳи ҳарбии худ истифода мебаранд.
XS
SM
MD
LG