Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обхезӣ дар Яман боиси ҳалокати беш аз 40 нафар шуд


Обхезӣ дар Яман ба риштаи умри беш аз 40 нафар миқроз зад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, чанд тани дигар бар асари раъду барқ ба ҳалокат расиданд. Мақомоти маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки теъдоди қурбониёни офати табиӣ шояд афзоиш биёбад – то ҳол даҳҳо нафари дигар беному нишон ғайб задаанд ва садҳо хонавода бехонумон мондаанд. Гуфта мешавад, ки сабаби обхезӣ - тӯфони тропикӣ дар манотиқи дурдасти ҷанубу шарқи Яман аст.

XS
SM
MD
LG