Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Гурҷистон 4,5 миллиард доллар кӯмак ваъда доданд


Бенито Ферреро Валднер-кумиссари равобити хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, кишварҳои кӯмаккунанда барои бозсозии Гурҷистон 4 миллиарду 550 миллион доллар ваъда додаанд. Вай дар ин бора дар нишасти хабарӣ дар Бруссел чунин изҳор дошт:


"Ман бояд ба шумо бигуям, ки ин миқдор маблағ нисбат ба маблағе, ки мо дар назар доштем, хеле зиёд аст. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки имруз рузи қаноъатбахш буд".

Хонум Ферреро Валднер ин нуктаро баъд аз як ҳамоиши байналмиллалӣ барои кумак ба Гурҷистон изҳор дошт. Ширкаткунандагон роҳҳои сармоягузорӣ дар Гурҷистонро баррасӣ карданд, то дар ин кишвар харобиҳои ҷанги моҳи август бо Руссия бозсозӣ шавад. Дар ин ҳамоиши якруза намояндагони тақрибан 77 кишвар ва созмонҳои байналмиллалии молӣ ширкат доштанд. СММ ва Бонки Ҷаҳонӣ тахмин мезананд, ки барои бозсозии Гурҷистон дар се соли оянда 3 милярду 25 миллион доллар зарур аст. Амрико аз ҳоло тақрибан як милярд доллар кумак ваъда додааст. Кумиссюни Аврупо ва Иттиҳодияи Аврупо 500 миллион евро кумак ваъда кардаанд.
XS
SM
MD
LG