Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: "Созиш ба нафъи ироқиҳо мебошад!"


Фармондеҳи низомии ИМА Майкл Маллен (Michael Mullen) ошкоро ҳушдор додааст, ки агар ҳукумати Ироқ зербинои созиши ҳузури нерӯҳои ИМА дар ин кишварро ба тасвиб нарасонад, аз эҳтимол дур нест, ки паёмади амниятии он хеле ҷиддӣ хоҳад буд.

Адмирал Маллен раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи ИМА ҳамчунон гуфт, ки Эрон саъй дорад, созиши мақоми нерӯҳо дар Ироқ амалӣ нашавад.

Маллен афзуд, ки 31 декабр ваколати СММ ба поён мерасад ва феълан нерӯҳои ироқӣ қудрати таъмини амният дар саросари ин кишварро надоранд.

Ҳадаф аз созиш танзими чорчӯби қонунии ҳузури нерӯҳои ИМА дар Ироқ баъд аз 31-уми декабри соли 2008-ум аст.
XS
SM
MD
LG