Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш: Мардуми ИМА ба рафъи бӯҳрон бовар доранд


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш мегӯяд, ки ба фикри ӯ назари мардуми Амрико дар мавриди беруншавии кишварашон аз бӯҳрони саросарии иқтисодӣ ба тадриҷ мусбат мешавад.

Аснои сӯҳбат бо рӯзноманигорон, ки дар аёлати Луизиана баъди мулоқоти президенти ИМА бо соҳибкорон барпо шуд, Ҷорҷ Буш гуфт, ба фикри ӯ қаблан мардумро хавф фаро гирифта буд, вале ҳозир оромӣ эҳсос мешавад.

Ба қавли президенти ИМА мардум дида истодаанд, ки бо кӯшишҳои ҳукумат ва аз ҷумла барномаи наҷоти мусовӣ бо 700 миллиард доллар, вазъ тағйир меёбад.

Дар ҳар сурат ба ақидаи раисҷумҳури ИМА ҳоло барои таъмини назму суботи бозорҳо роҳи тӯлоние дар пеш аст.

Рӯзи душанбе раиси Бонки марказии ИМА Бен Бернанке изҳор намуд, ки шояд барои ташвиқи рушди иқтисоди ИМА боз як бастаи кумакҳои молӣ зарур шавад.

Дар паи ин хабар нархи авроқи гаронбаҳо ва нафт дар бозорҳои Аврупову Осиё боло рафтааст.
XS
SM
MD
LG