Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай: Терроризмро дар ҳамроҳӣ ноком хоҳем кард


Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай дар Маҷмаи кулли СММ гуфт, ки терроризм на танҳо ба Афғонистон, балки ҳамчунин ба Покистону Ҳиндустон низ таҳдиди бузургтарин мебошад. Карзай президенти тозаинтихобшудаи Покистон Осиф Алӣ Зардориро хуш пазироӣ намуда, иброз дошт, ки ҳеҷ кишваре бидуни решакансозии терроризм дар миқёси минтақа ба ҳадаф нахоҳад расид.
Ҳамчунин раисҷумҳури афғон дар бораи муборизаи кишвараш бо кишти маводи мухаддир иттилоъ дод. Ӯ аз ҷумла гуфт:
"Соли равон мо коҳиши 20%-и кишти маводи мухаддирро ба қайд гирифтем. Шумораи вилоятҳои бидуни киштзорҳои маводи мухаддир ба 18 расид, ки 50% қаламрави кишварамонро ташкил медиҳад. Калиди муваффақияти мо таъмини кишоварзон бо тухмии алтернативӣ, сармоягузории бештар дар таҳкими ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дар дарозмуддат мубориза бо тиҷорати маводи мухаддир дар берун аз хоки Афғонистон, яъне коҳиши тақозо ба маводи мухаддир ва таҳкими ҳифзи марзҳо мебошад."
Президенти Афғонистон аз аҳли олам даъват кард, ки кумак ба ниҳодҳои интизомии Афғонистонро афзоиш диҳанд, то худи афғонҳо ба тадриҷ таъмини амнияти кишварро бар дӯш гиранд.

XS
SM
MD
LG