Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундравҳо дар Афғонистон 150 коргарро рабуданд


Мақомоти Афғонистон мегуянд, тундравҳо се автобуси ҳомили 150 коргари афғонро рузи якшанбе дар вулусволии Боло Балуки вилояти Фароҳ боздоштаанд ва ҳамаи коргаронро рабудаанд. Земерӣ Башарӣ-сухангуи вазорати дохилаи Афғонистон мегуяд, ин коргарон дар шаҳри Фароҳ барои артиши Афғонистон пойгоҳи низомӣ месохтаанд. Касе масъулияти ин одамрубоиро бар уҳда нагирифтааст. Оқои Земерӣ мегуяд, дар Афғонистон ҳодисаҳои одамрубоӣ барои гирифтани хунбаҳо зиёд аст, вале то ҳол ба ин миқдор одам рабуда нашуда буд.

XS
SM
MD
LG