Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко хостори беҳбуди равобит бо Ғарб шудааст


Normal 0

Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко аз Ғарб даъват кардааст, интихоботи парлумонии кишварашро, ки дар охирҳои моҳи сентябр доир хоҳад шуд, эътироф карда, аз пайи беҳбуди равобит шавад. Лукашенко дар сӯҳбат бо рӯзномаи инглисии "Financial Times" ва олмонии "Frankfurter Allgemeine Zeitung" гуфтааст, “ мо мехоҳем, ки шумо моро бипазиред, интихоботи моро қабул ва эътироф кунед.” Амрико ва ИА Лукашенкоро, ки 14 сол боз зимоми қудрат дар Беларусро дар дасти худ нигоҳ медорад, дар тахаллуфи интихоботҳо, ба зиндон андохтани мухолифин ва саркӯбии матбуоти озод муттаҳам мекунад. Кишварҳои Ғарб мегӯянд, интихоботи қарибулвуқӯъ то кадом андоза ба тааҳҳудоташ дар бораи демократия содиқ будани Лукашенкоро имтиҳон хоҳад кард.


XS
SM
MD
LG