Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Караҷич бе кӯмаки вакил аз худ дифоъ мекунад


Раҳбари пешини сербҳои Босния Радован Караҷич имрӯз таъйид кард, ки дар додгоҳи байналмилалӣ оид ба Югославияи собиқ дар баробари 11 банди айбномааш аз худ мустақилона дифоъ хоҳад кард. Зимни ҳузураш дар мурофиаи сеюми ин додгоҳ дар Ҳейг Караҷич аз он ба унвони як додгоҳи ба ном одилона интиқод кард. Дар иттиҳомоти зидди ӯ кушторҳои қавмӣ, ҷиноёт алайҳи инсоният ва ҷиноятҳои ҷангӣ пеш гузошта шудааст. Қабл аз боздоштшавиаш дар Белград 21 июл Караҷич беш аз 10 сол дар фирор ба сар бурдааст.

XS
SM
MD
LG