Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори куштаҳои даргирии Ишқобод то ҳол дақиқ нест


Дар пайи задухӯрди рӯзи шанбе дар пойтахти Туркманистон, шаҳри Ишқобод, ки шумори то ҳанӯз аниқношудаи маъмурони пулисро кушта барҷой гузошт, раиси ин ҷумҳурӣ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба вазоратхонаҳои амният, умури дохила ва дифоъи кишвараш дастур додааст, қобилияти худро беҳтар кунанд. Бердимуҳаммадов шоми душанбе дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Туркманистон гуфтааст, ин задухӯрд нишон дод, ки ниҳодҳои интизомӣ ба гунаи хеле заъиф муҷаҳҳаз будаанд.

Бердимуҳаммадов мукарраран гурӯҳеро, ки ба нирӯҳои давлат муқовимат нишон дод, қочоқбарони маводи мухаддир ном гирифт, вале дар зимн ба вузарои қудратӣ дастур дод, омодагии худ барои муқобила бо терроризмро хубтар кунанд.
XS
SM
MD
LG