Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талотум дар бозорҳои молии ҷаҳонӣ


Ба думболи хабари муфлисии як бонки азими Иёлоти Муттаҳида қимати саҳмия дар бозорҳои бурси ҷаҳонӣ башиддат поён омад. Бонки “Леман Брозерс”, ки як бонки бузурги ҷаҳон низ ба шумор меравад, бар асари бӯҳрони маскан дар Амрико миллиардҳо доллар зиён дид ва имрӯз гуфт, ки эъломи муфлисӣ ва ё варшикастагӣ хоҳад кард.

Муассисаи дигари азими сармоягузории Иёлоти Муттаҳида Мерилл Линч, ки ба мушкилоти молӣ дучор шудааст, бонки дигари амрикоӣ хоҳад харид. Ширкати бима ва ё суғуртаи Эй Ай Ҷи – и Амрико низ бино ба гузоришҳо талош дорад, то барои идомаи фаъолияташ аз Бонки Марказии Амрико миллиардҳо доллар қарзҳои боимтиёз бигирад. Ҷорҷ Буш раиси ҷумҳури Амрико гуфт, иқтисоди кишвараш ҳанӯз ҳам устувор аст ва ба ин мушкилот дар дарозмуддат тоб хоҳад овард.

XS
SM
MD
LG