Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чейнӣ аз тамоюли Киев ба НАТО ҳимоят кард


Дик Чейнӣ, ноиби раисиҷумҳури ИМА

Дик Чейнӣ, ноиби раисиҷумҳури ИМА

Дик Чейнӣ, муъовини раисиҷумҳури Амрико, дар ҳоле вориди Киев шуд, ки Укроин гирифтори бӯҳрони нави сиёсист.

Ду рӯз пеш Виктор Юшенко, раисиҷумҳури Укроин дар бораи баршикастани эътилофи ҳукмрон хабар дод ва ба думболи ин ҳизби “Укроини мо – Худдифоъи мардумӣ”, ҳизби пуштибон аз раисиҷумҳур расман дар бораи хуруҷаш аз эътилофи порлумонӣ бо иттиҳоди Юлия Тимошенко тасмим гирифт.

Гуфта мешавад, ки сарвазир Юлия Тимошенко ба хотири коҳиши ваколатҳои раисиҷумҳур бо аҳзоби мухолиф – Ҳизби манотиқ ва ҳизби коммунист пайвастааст. Ин амалро Виктор Юшенко чун кудато арзёбӣ намуд ва ҳушдор дод, ки дар сурати идома ёфтани раванд Верховная Радаро пароканда ва интихоботи нави порлумонӣ таъин мекунад.

Дик Чейнӣ бо ҳар ду раҳбари Укроин сӯҳбатҳои ҷудогона дошт. Даставвал ӯ бо сарвазир Юлия Тимошенко мулоқот кард ва дар он, ба иттилоъи хабаргузориҳо, асосан масоили иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Юлия Тимошенко аз Иёлоти Муттаҳида барои пуштибониаш аз демократия дар Укроин изҳори сипос намуд. Дик Чейнӣ, дар навбати худ, иброз дошт, ки Вошингтон ҳамеша барои кӯмак ба Укроин омода аст.

Ноиби раисиҷумҳури Амрико баъдан бо Виктор Юшенко мулоқот анҷом дод. Юшенко чун ҳамтои гурҷияш Саакашвилӣ хостори ҳарчӣ зудтар шомил шудани Укроин ба НАТО гардид, ки ба он Маскав комилан мухолиф аст. Дик Чейнӣ дар ин сӯҳбат гуфт, ки ӯ бори ахир 20 сол қабл ба Укроин сафар карда буд ва таҳаввулоте, ки имрӯз дид, комилан тасхираш кардаанд. Ӯ равобити миёни Киев ва Вашингтонро “басо муҳим” номид. Виктор Юшенко дар навбати худ изҳор намуд, ки Укроин дар аксари масоили марбут бо дахолати низомии Русия дар Гурҷистон ҳамфикри Иёлоти Муттаҳида буд.

Дар ҳоле, ки Дик Чейнӣ бо мақомоти Укроин мулоқот мекард, Русия ба изҳороти қалбии ӯ дар Тифлис посух гуфт. Ёдовар мешавем, Дик Чейнӣ дирӯз Русияро барои ҷанг дар ин минтақа шадидан маҳкум кард ва иброз дошт, ки Вошингтон барои эҳёи Гурҷистон як миллиард доллар ҷудо мекунад. Ӯ ҳамчунин ба Тифлис ваъда кард, ки Иёлоти Муттаҳида барои шомил шудани Гурҷистон ба Паймони Атлантикаи Шимол ҳама талошҳоро бар харҷ хоҳад дод. Андрей Нестеренко, намояндаи вазорати умури хориҷаи Русия изҳор намуд, ки ин ҳама кумаку ваъдаҳои кумак худхоҳии таҷовузкоронаи Тифлисро афзоиш медиҳанд:

«Бори дигар изҳороти баландхона дар бораи кумаки ҳамаҷониба аз сӯи Вошингтон ба, ман иқтибос меоварам, “демократияи шуҷоъ ва ҷавон” садо дод. Ин гуна баёнияҳо ва қабл аз ҳама ваъдаи нав ба Тифлис барои ҳарчӣ зудтар шомил шудан ба узвияти НАТО режими ҷаноби Саккашвилиро барои бидуни муҷозот мондан мутмаин месозад ва худхоҳии таҷовузкороани онро тақвият мебахшад».

Сафари Дик Чейнӣ ба Киев дар ҳоле доир шуд, ки имрӯз боз як киштии амрикоӣ - «Маунт Уитни» ба бандари Потии Гурҷистон расид, ба бандаре, ки шурӯъ аз оғози ҷанг дар моҳи гузашта таҳти назорати низомиёни Русия қарор дорад. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ки ин киштӣ барои мардуми Гурҷистон кумаки башарӣ овардааст ва аммо Маскав иброз дошт, ки ин киштии бузурги низомӣ барои интиқоли кумаки башарӣ чандон мувофиқ нест. Аз ин пеш сарвазири Русия Владимир Путин ҳушдор дода буд, ки кишвараш ба афзоиши теъдоди киштиҳои НАТО дар баҳри Сиёҳ вокуниш нишон хоҳад дод.

Дик Чейнӣ, нойиби раисиҷумҳури Амрико, баъди зиёрат аз маҷмаъаи ёдгории қурбониёни гуруснагӣ дар Укроин дар солҳои сиюми қарни гузашта Киевро ба қасди Рум тарк кард.

XS
SM
MD
LG