Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дик Чейнӣ озими Қафқоз шуд


Дик Чейнӣ, ноиби раисиҷумҳури ИМА
Дик Чейнӣ, ноиби раисиҷумҳури ИМА

Дик Чейнӣ, ноиби раисиҷумҳури ИМА, сафари худ ба Қафқоз, Укроин ва Италияро рӯзи чаҳоршанбе аз боздиди Боку шурӯъ кард.

Ба иттилоъи Кохи Сафед, Озарбойҷон аз ҳампаймонҳои Амрико дар мубориза бо терроризм маҳсуб мешавад ва Дик Чейнӣ қабл аз ҳама аз кӯмакҳои ин кишвар дар мубориза бо террор дар Афғонистон ва Ироқ изҳори сипос мекунад. Гуфта мешавад, ки мавзӯъи ҳамкориҳо дар бахши энерҷӣ аз масоили калидии музокироти нойиби раисиҷумҳури Амрико ва раҳбари Озарбойҷон хоҳад буд. Ва дар ин гуфтушунид, қабл аз ҳама, сари мавзӯъи интиқоли нафти баҳри Хазар тавассути Гурҷистон ба Туркия ва аз он ҷо ба дигар кишварҳо, аз ҷумла, ба Аврупо тамаркуз хоҳад шуд.

Ба гуфтаи сиёсатмадорон ва коршиносони амрикоӣ, интиқоли нафти Озарбойҷон бидуни убур аз қаламрави Русия, аз ҷумла аз тариқи лулаи Боку-Тифлис-Ҷайҳан, баъд аз низоъи ахир дар Қафқоз ба мавзӯъи муҳим табдил шудааст. Ҷон Болтон, собиқ сафири Амрико дар СММ ба нашрияи «Wall Street Journal» гуфтааст, “лулаи нафт як омили муҳимест, ки Амрико бояд аз истиқлоли Гурҷистон дифоъ кунад”. Ӯ бо ишора ба сафари Дик Чейнӣ ба Озарбойҷон ва Гурҷистон афзудааст, ки “агар интиқоли нафти Озарбойҷон тавассути Гурҷистон қатъ гардад, барои харидории ин маводи сӯхт, ба ҷуз аз Русия ва Эрон интихоби дигаре боқӣ нахоҳад монд”.

Кохи Сафед мегӯяд, ки Дик Чейнӣ дар Боку мавзӯъи ҳалли мусолиматомези қазияи Қаробоғи кӯҳӣ, барномаи ҳастаии Эрон ва пуштибонӣ аз демократияву волояти қонун дар Озарбойҷон дар арафаи интихоботи нави президентӣ дар ин кишварро низ ба миён хоҳад гузошт.

Рӯзи панҷшанбе ноиби раисиҷумҳури Амрико вориди Тифлис хоҳад шуд ва қарор аст дар мулоқоти ӯ бо раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ мавзӯъи бӯҳрон дар Қафқоз ва паёмадҳои он баррасӣ шавад. Зимнан, сафари Чейнӣ ба Тифлис боз як паёми Амрико аз пуштибони бечунучарои Гурҷистон хоҳад буд. Дик Чейнӣ ва Михаил Саакашвилӣ масоили марбут ба кумаки густардаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои эҳёи Гурҷистон ва талошҳои ин кишвари қафқозӣ барои пайвастан ба НАТО-ро низ баррасӣ хоҳанд кард. Ба иттилоъи Кохи Сафед, Дик Чейнӣ ҳамчунин мехоҳад ба муассир будани кумакҳои ахири ИМА ба Гурҷистон итминон ҳосил кунад.

Бӯҳрон дар Қафқоз дар мулоқоти Дик Чейнӣ бо раисиҷумҳури Укроин Виктор Юшенко ва сарвазири ин кишвар Юлия Тимошенко низ аз масоили калидӣ хоҳад буд. Дик Чейнӣ аз Киев ба Рум меравад ва қарор аст ӯ даставвал дар конфаронси иқтисодии Амбросеттӣ дар кӯли Комо оид ба мушкилот дар равобити миёни Амрикову Аврупо суханронӣ кунад. Ва авоили ҳафтаи оянда дар мулоқоти Чейнӣ бо раисиҷумҳур ва сарвазири Италия масоили доғи имрӯзи ҷаҳон – вазъ дар Гурҷистон, раванди сулҳи Ховари Миёна, ҷанг дар Афғонистону Ироқ ва барномаи ҳастаии Эрон баррасӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG