Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дик Чейнӣ ба Тифлис ваъдаи пуштибонӣ ва кӯмак кард


Дик Чейнӣ, ноиби раисиҷумҳури ИМА ва Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, ҳини дидор дар Тифлис

Дик Чейнӣ, ноиби раисиҷумҳури ИМА ва Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, ҳини дидор дар Тифлис

Ноиби раисиҷумҳури Амрико Дик Чейнӣ имрӯз аз Гурҷистон дидан кард.

Ҳадафи сафари ӯ итминони хотир додан ба раҳбарони рӯ ба Ғарби ин кишварҳо аз пуштибонии Вошингтон дар пайи низоъи низомии байни Гурҷистону Русия гуфта мешавад.

Чейнӣ баландпоятарин мақоми амрикоист, ки баъди ҷанги моҳи августи байни нерӯҳои Русияву Гурҷистон аз Тифлис боздид мекунад. Ноиби раисиҷумҳури Амрико дар ҷараёни ин сафар ба аҳамияте, ки Вошингтон барои ин кишвари зарбахӯрдаи Қафқоз қоил ҳаст, таъкид кардааст.

Ноиби раисиҷумҳури Амрико боздидаш аз Гурҷистонро ба хотири шадидан маҳкум кардани ҳамлаи Русия ба ин кишвар истифода бурд. Вай иқдомоти ахири Русияро ҳамчун талоши ба таври ғайриқонунӣ тағйир додани марзҳои Гурҷистон ба қалам дод ва гуфт, ин ҳама эътибори Маскав ҳамчун ҳамкори байналмилалиро зери шуоъ қарор медиҳад.

Дик Чейнӣ Михаил Саакашвилиро итминони хотир дод, ки Вошингтон аз тамомияти арзии Гурҷистон пуштибонӣ хоҳад кард ва Тифлис метавонад дар ин маврид рӯи кӯмаку ёриҳои мудавоми Амрико ҳисоб кунад: “Амрико ҳанӯз дар рӯзҳои Инқилоби садбаргҳо ба кӯмаки ин демократияи ҷавону ҷасур расида буд. Ин бор ҳам, вақте ки шумо алайҳи ишғоли сарзамини мустақили худ ва алайҳи талоши якҷониба ва ғайриқонунии иҷборан тағйир додани марзҳои кишвари худ, ки ҷаҳони озод якдилона маҳкумаш кардааст, набард мекунед, мо барои кӯмак омодаем”.

Ноиби раисиҷумҳури Амрико Дик Чейни баландпоятарин мақоми амрикоист, ки баъд аз низоъи низомии моҳи август байни Русияву Гурҷистон аз Тифлис дидан мекунад ва сафари ӯ ғояти ғазаби Вошингтон аз поймол шудани тамомияти арзии Гурҷистон аз ҷониби Маскавро бозгӯ мекунад.

Бахше аз нерӯҳои Русия дар пайи даргириҳои моҳи август дар қаламрави Гурҷистон боқӣ мондаанд ва Маскав баъдтар истиқлолияти Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ, ҳарду вилояти ҷудоиталаби Гурҷистонро расман эътироф кард.

Амрико рӯзи чоршанбе эълон кард, ки ба хотири эъмори муҷаддади зербинои иқтисодии дар асари ҷангҳои моҳи август тахрибшудаи Гурҷистон 1 миллиард доллар ҷудо мекунад.

Дик Чейни рӯзи чоршанбе дар Боку гуфт, сафари ӯ ба минтақа дар зери сояи ҳамлаи низомии Русия ба Гурҷистон мегузарад. Як мавзӯъи сӯҳбати ӯ бо раҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев таъмини амнияти лӯлаи нафти Боку–Тифлис–Ҷейҳун буд, ки тавассути бандари Ҷейҳуни Туркия нафти дарёи Хазарро ба бозорҳои энержии Ғарб мерасонад.

Дар ҷараёни низоъи ахираш бо Гурҷистон, нирӯҳои Русия ба хотири намоиши осебпазирии ин лӯлаи нафт манотиқи атрофи онро бамбор карданд, ки аз сӯи бисёри маҳофили ғарбӣ ҳамчун намоиши дасти нисбат ба Вошингтон зӯртари Маскав дар амри фаъолияти ин лӯла қабул шуд.

Чейнӣ дар Боку низ истиқлолият ва тамомияти арзии ҳарсе кишвари минтақаи Қафқозро калиди суботи ин минтақа номида, аз ҷумла ба музокироти баҳси сарнавишти вилояти ҷудоиталаби Кӯҳистони Қаробоғ даъват кардааст.

Ба дунболи Тифлис, Дик Чейнӣ ба Украина меравад. Қарор аст, ки ӯ бо раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко ва сарвазир Юлия Тимошенко мулоқотҳои алоҳида барпо кунад. Аммо сафари ноиби раисиҷумҳури Амрико ба Киев дар ҳоле сурат мегирад, ки рақобати қадими байни он ду раҳбараш Украинаро дар вартаи бӯҳрони нави сиёсӣ афкандааст.

Вошингтон нигарони Маскав аст, ки бо таҷовузаш ба хоки Гурҷистон иктифо накарда, акнун ба хотири ҷилавгирӣ аз равобити наздиктари Киеву Ғарб, бӯҳрони ахири сиёсӣ дар Украинаро низ таҳрик додааст.

XS
SM
MD
LG