Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дик Чейнӣ, муовини раисҷумҳури Амрико, имрӯз, 4-уми сентябр, барои нахустин бор вориди Тифлис, пойтахти Гурҷистон шуд.

Тибқи барномаи сафари худ ноиби раисҷумҳури ИМА дар Гурҷистон бо раҳбарияти ин кишвар мулоқот намуда, вазъи Гурҷистон пас бархурд бо Русияро баррасӣ мекунад.

Дик Чейнӣ қаблан якчанд бор ҷониби Русияро дар робита ба бӯҳрони ахирӣ дар Қафқоз мавриди интиқоди шадид қарор дода буд ва дидори вай аз Гурҷистон низ нишонаи ҷонибдорӣ аз Тифлис дар ин бӯҳрон муаррифӣ мешавад.

Қаблан, мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи тасмими худ барои кӯмаки молӣ ба Гурҷистон ба маблағи 1 миллиард доллар эълон кард.

Дик Чейнӣ пас аз дидор аз Тифлис озими Киев, пойтахти Укроин, хоҳад шуд ва бо намояндагони олирутбаи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ анҷом хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG