Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон се сарбози Канада кушта шуданд


Дирӯз дар натиҷаи як ҳамлаи ғофилгирона дар ҷануби Афғонистон се сарбози Канада кушта ва панҷ низомии дигар ҷароҳат бардоштанд.
Низомиёни Канада мегӯянд, ҳамла болои мошини сарбозон дар ноҳияи Зарии вилояти ҷанубии Қандаҳор ба вуқӯъ пайваст.
Соли 2002-ум аввалин сарбозони Канада ба Афғонистон интиқол ёфтаанд. То имрӯз дар Афғонистон 96 низомии Канада ба қатл расидаанд.
Дар ҳоли ҳозир тақрибан 2500 сарбози Канада дар манотиқи ноороми ҷануби Афғонистон ифои вазифа мекунанд.
XS
SM
MD
LG