Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш: Маккейн ба раёсатҷумҳурии ИМА омода аст.


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш изҳор намуд, ки сенатор Ҷон Маккейн ба раёсатҷумҳурии ИМА омода аст.
Дар паёме ба иштирокчиёни анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА дар минтақаи Сант Паули аёлати Миннесота Ҷорҷ Буш аз саҳми Маккейн қадрдонӣ кард ва гуфт, ки ӯ амрикоии мустақил ва далер аст.
Президент Буш гуфт:
"Мо дар ҷаҳони серхатар ба сар мебарем ва мо ба президенте эҳтиёҷ дорем, ки сабақҳои 11-уми сентябри соли 2001-умро аз худ карда бошад. Он ҳам ин аст, ки бо ҳадафи муҳофизати Амрико мо бояд дар ҳоли ҳуҷум бошем. Ҳамлаҳоро қабл аз вуқӯъ бояд мутаваққиф намуд. Набояд мунтазири ҳамлаи такрорӣ шуд. Мо ба Ҷон Маккейн эҳтиёҷ дорем."
Ҷорҷ Буш ба воситаи қамари маснуъ ба вакилони анҷуман муроҷиат кард. Барномаи сафари ӯ ба анҷуман аз сабаби тӯфони Густав лағв шуд.
Пешбинӣ мешавад, ки рӯзи панҷшанбе Маккейн расман номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ дар сабқати раёсатҷумҳурии ИМА эълон хоҳад шуд.
Ҳафтаи гузашта ҳизби демократи ИМА сенатор Барак Обамаро номзади ин гурӯҳи сиёсӣ дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон эълон карда буд.

XS
SM
MD
LG