Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди сербҳо ва албанитаборон дар Косово


Полиси Косово мегӯяд, дар задухӯрди байни албанитаборон ва сербҳои шаҳри тақсимшудаи Митровитса ба камияш чаҳор нафар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, сербҳо ва албанитаборон ҳамдигарро сангборон карданд ва пеш аз он ки нерӯҳои полиси Созмони Милал ба ҷои ҳодиса расанд, садои тирандозии миёни онҳо низ баланд гашт. Ду мошини СМ низ тахриб шуд. Митровитса аксаран минтақаи даргирии байни ду тараф будааст. Косово дар моҳи феврали имсол худро аз Себрия мустақил эълон кард.
XS
SM
MD
LG