Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ: Бо Амрико тавофуқ ба даст омад


Имруз Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ гуфт, ки роҷеъ ба паймони амниятӣ бо Амрико тавофуқ ба даст омадааст. Ин паймон хатми ҳузури нируҳои хориҷӣ дар Ироқ то поёни соли 2011-ро пешбинӣ мекунад. Ба қавли оқои Моликӣ, ҳукумати Ироқ пешниҳод кардааст, ки нируҳои Амрико то нимаи соли оянда дар шаҳру шаҳракҳои Ироқ гаштҳои амниятии худро хотима бахшанд ва нируҳои ҷангии Амрико Ироқро то соли 2011 тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG