Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бандари Потӣ ва посгоҳи Гориро раҳо намекунад


Ҳарчанд Маскав тонкҳо, тӯпхона ва низомиёни худро аз мавзеъҳои даруни Гурҷистон берун бурдааст, вале бандари ғарбии Поти ва посгоҳҳои Гориро раҳо намекунад. Генерал Анатолий Ноговитсин, муовини ситоди кулли Артиши Русия рӯзи шанбе эълом кард, ки нерӯҳои русӣ назорати Потиро аз даст намедиҳанд. Вай гуфт, ин иқдом ҳамоҳанг бо паймони шаш моддаи оташбас аст, ки бо миёнҷигарии Фаронса навишта шуда ва Русия онро мавриди амал қарор додааст. Вале Кохи Сафед мегӯяд, Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Амрико, ва Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса, ба ин назаранд, ки Русия ба тааҳҳудоти худ тибқи паймони оташбас вафо накардааст. Михаил Саакашвили, раиси ҷумҳурии Гурҷистон, низ шомгоҳи рӯзи ҷумъа дар нишасти Шӯрои амнияти ин кишвар хостори ҷойгузинии нерӯҳои ҳофизи сулҳи хориҷӣ бо силоҳбадастони русӣ шуд. Боқӣ мондани Русия дар Поти метавонад боз як баҳонаи сардии муносиботи ин кишвар бо Амрико гардад.
XS
SM
MD
LG