Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангела Меркел вориди Тифлис шуд


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар идомаи талошҳои ИА ба хотири ҳалли низоъи байни Гурҷистону Русия бар сари вилоятҳои ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон рӯзи якшанбе вориди Тифлис шуд.

Қарор аст, дар пайи баҳси бӯҳрони Гурҷистон Ангела Меркел ва раисиҷумҳур Михаил Саакашвили як нишасти муштараки хабарӣ доир кунанд.

Меркел рӯзи ҷумъа мавзӯъи Гурҷистонро дар Сочи бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев низ баҳс карда буд.

Садри аъзами Олмон мавзеъи кишварашро чунин ташреҳ кард, ки масъалаи тамомияти арзии Гурҷистон ҷойи шакку шубҳа надорад ва Олмон Саакашвилиро ҳамчун раҳбари ба таври демократӣ интихобшудаи Гурҷистон мешиносад.

XS
SM
MD
LG