Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон иттиҳомот алайҳи бонкҳояшро радд кард


Эрон иттиҳомоти мабнӣ ба даст доштани бонкҳои ин кишвар дар таъмини молии фаъолиятҳои ғайриқонунии ҳастаӣ ва терроризмро радд кард. Ин раддия дар номаи Эрон унвонии Шӯрои Амнияти СММ омадааст.

Дар авоили моҳи ҷорӣ, Фаронсаву Бритониё ва Амрико Бонки марказии Эрон ва ниҳодҳои дигари молии он кишварро муттаҳам карданд, ки бо сарфи назар аз таҳримоти эъмолшуда дар фаъолиятҳои молии марбут ба густариши силоҳҳои ҳастаӣ ва терроризм даст доранд.

Шӯрои Амнияти СММ то кунун ба иллати аз қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум даст кашидани Эрон се дафъа алайҳи он кишвар таҳримот ҷорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG