Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ Русияро муттаҳам кард


Раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ Русияро барори шурӯи "таҳоҷуми густардаи низомӣ" болои кишвараш муттаҳам кард. Дар муроҷиат ба ҷомеаи байналмилалӣ вай аз дӯстону муттафиқони Гурҷистон дар саросари ҷаҳон хост, ки аз Русия хатми билофосилаи чунин муносибати душманонаро тақозо кунанд. Саакашвилӣ нирӯҳои Русияро дар "поккориҳои қавмӣ" муттаҳам кард:

"Нирӯҳои Русия, тонкҳои Русия, ки вориди Осетияи Ҷанубӣ шуданд, дар роҳ куллии аҳолии гурҷитабори Осетияи Ҷанубиро берун карданд. Шурӯъ аз субҳи имрӯз онҳо як амалиёти поккории қавмиро дар ҳама манотиқи таҳти контроли худ дар Осетияи Ҷанубӣ ба роҳ монданд".

Саакашвили инчунин нирӯҳои Русияро дар ҳамлаи ҳадафмандона болои мулкиҳо муттаҳам донист. Вай гуфт, ки сохтмонҳои баландошёнаи сокинони маҳаллӣ мавриди ҳамлаи онҳо қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG