Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Васияти Солженитсин иҷро мешавад


Александр Солженитсин адиби рус, ки зиндагии машаққатбор дар урдӯгоҳҳои шӯравии собиқро тасвир карда ва 20 сол дар ғарибӣ ба сар бурдааст, дар синни 89 солагӣ даргузашт. Писари ӯ Степан Солженитсин гуфт, падараш рӯзи якшанбе дар хонааш дар шаҳри Маскав ба иллати бемории дил фавтид: "Ӯ ба таври ногаҳонӣ фавтид, нисбатан ногаҳонӣ, онгуна ки худаш орзу мекард. Вай умед дошт, ки ба бемористонҳо кашида нашавад ва муддати дароз ҳам азоб накашид. Нимашаб вай даргузашт."
Александр Солженитсин, муаллифи китоби маъруфи "Архипелаги Гулаг" ва баррандаи ҷоизаи Нобел, бемории фишори хун дошт. Раиси ҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, имрӯз ба аҳли хонаводаи Солженитсин ибрози ҳамдардӣ карда ва нахуствазир Владимир Путин марги ӯро “талафоти азим барои тамоми Русия” хондааст. Александр Солженитсин рӯзи чаҳоршанбе 6 август, бар асоси васияташ дар оромгоҳи Донскойи шаҳри Маскав дафн хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG