Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳолбрук изҳороти Караҷичро беасос хонд


Ричард Ҳолбрук, собиқ миёнҷии сулҳи Боснӣ изҳороти Радован Караҷич, собиқ раҳбари сербҳои Босниро, ки гӯиё Амрико тайи муомилае ба ӯ гуфтааст, ки аз пайгарди қонунии вай ба сабаби ҷиноёти ҷанг ҷилавгирӣ хоҳад кард, беасос хонд. Радован Караҷич рӯзи панҷшанбе дар нахустин ҷаласаи додгоҳӣ, ки дар Ҳейг баргузор шуд, гуфт, оқои Ҳолбрук дар соли 1996 ба вай пешниҳоди муомилае дод, ки агар вай аз сиёсат канорагирӣ кунад ва муоҳадаи сулҳи Дейтонро эҳтиром бигузорад, Иёлоти Муттаҳида аз маҳкумияти вай ба унвони ҷинояткори ҷанг сарфи назар мекунад. Радован Караҷич, ки ҳоло “меҳмон”-и додгоҳи Ҳейг аст, то 29 август мӯҳлат дорад, ҳама додхости худро ба додрасҳо бигӯяд.
XS
SM
MD
LG