Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радован Караҷич дар роҳ ба сӯи Гаага


Хабаргузориҳои Сербистон мегӯянд, Радован Караҷич - раҳбари собиқи сербҳои боснӣ дар роҳ ба сӯи Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятҳои Ҷангии Гаага аст. Хабаргузории "Танюг" мегӯяд, корвони мошинҳо бинои додгоҳи махсуси Сербистон дар шаҳри Белградро тарк кардааст, ки Радован Караҷич аз 21- уми июл дар онҷо нигаҳ дошта мешуд. Хабаргузории "Бета" низ бо нашри чунин хабар навиштааст, ки Радован Караҷич дар роҳ ба сӯи додгоҳи Созмони Милал аст. Хабаргузорӣ мегӯяд, амри истирдоди Караҷичро вазири адлияи Сербистон бар асоси қонуни ҳамкорӣ бо додгоҳи Созмони Милал имзо кардааст.

XS
SM
MD
LG