Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Караҷич ба ҳукми додгоҳ


Радован Караҷич - раҳбари сербҳои боснӣ, ки ба наслкушӣ муттаҳам мешавад қасд дорад, аз Додгоҳи Олии Сербистон бихоҳад, то ӯро барои муҳокима ба Додгоҳи Созмони Милал насупоранд. Дар ин бора як вакили дифоъи Радован Караҷич иттилоъ дод. Пештар аз ин додраси Сербистон амр дод, то раҳбари сербҳои боснӣ ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятҳои Ҷангии Гаага супурда шавад.

Радован Караҷич шоми 21 июл дар шаҳри Белград боздошт шуд. Владимир Вуксевич – додситони Сербистон гуфт, дар боздошти муттаҳам ягон хадамоти хориҷӣ даст надошт: "Шоми гузашта мо ҷаноби Караҷичро пайдо ва боздошт кардем. Ӯ чанд ҳафта зери назорат қарори дошт. Сарусадо доир ба дахолати хадамоти амниятии хориҷӣ воқеъият надорад. Амалиёт бомуваффақият ва бидуни ҳеҷ хатаре ба ҷони маъмурони амниятӣ ва худи ҷаноби Караҷич сурат гирифт."
Мақомоти Сербистон гуфтанд, Радован Караҷич бо номи дигаре дар як бемористон кор мекардааст ва акси ӯро намоиш доданд, ки ришу мӯи сафеди жӯлида дорад. Раҳбари сербҳои боснӣ ба наслкушӣ дар солҳои ҷанги 1992-1995 дар қаламрави Югославияи собиқ муттаҳам мешавад. Кишварҳои ғарбӣ аз боздошти Радован Караҷич ибрози хушнудӣ карданд.

XS
SM
MD
LG